Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби тазоҳургарони Сурия аз нозирони араб


Як видеое, ки зоҳиран фаъолони сиёсӣ дар Сурия дар интернет гузоштаанд, нишон медиҳад, ки издиҳоми тазоҳургарон дар шаҳри Ҳумс дар ҳузури нозирони араб шиор медиҳанд, ки ҷомеаи байналмилал онҳоро муҳофизат кунад. Аммо замони наворбардорӣ ва сарчашмаи нашри ин видео ҳанӯз мушаххас нашудааст. Дар шаҳри Ҳумс, ки дирӯз шоҳиди марги 24 нафар дар ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ шуд, имрӯз 20 ҳазор нафар тазоҳурот кардаанд. Панҷоҳ нозири Иттиҳодияи Араб имрӯз маъмурияти худ дар Ҳумсро шурӯъ карданд, ки яке аз марказҳои муқовимат алайҳи режими раиси ҷумҳури Башшор Асад аст. Қарор аст, 100 нозири дигар то охири сол ба Сурия ворид шаванд ва бубинанд, ки то куҷо давлати Сурия талаботи созиш барои хотима додан ба хушунатро иҷро мекунад, ки як бахши ин созиш берун кашидани нерӯҳо аз шаҳрҳои ноороми Сурия аст.
XS
SM
MD
LG