Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Қазоқистон манзилеро, ки аз он ҷо саҳнаҳои тирандозӣ ба тазоҳуркунандагони Жанаозен наворбардорӣ шудааст, муайян кард, аммо сокинони онро наёфт. Телефонҳои дастии одамон тафтиш мешаванд ва баъзе аз журналистон ба додситонӣ даъватнома гирифтанд.

Сардори раёсати умури дохилии вилояти Мангистав Аманжол Кобилов ба хабарнигорон гуфт, полис хонаеро, ки аз он ҷо лаҳзаҳои тирандозӣ наворгирӣ шудааст, пайдо кард, аммо касе аз сокинони манзил пайдо нашудааст. Дар ин байн хабарнигорон мегӯянд, саҳнаҳои мудҳиштаре аз рӯйдодҳои 16-уми декабр дар телефонҳои дастии одамон сабт шудааст, аммо мардум метарсанд, онҳоро нашр кунанд. Полис тасмим гирифтааст, телефонҳои дастии сокинони маркази шаҳрро тафтиш кунад.

Рӯзи душанбе хабарнигори маҳаллии «Стан-ТВ» Жулдиз Толеуова ба Додситонии вилояти Мангистав даъват шуд. Вай аз тафсилоти гуфтугӯи дусоата дар додситонӣ худдорӣ мекунад ва мегӯяд, бо ризоияти тарафайн тасмим гирифта шуд, мӯҳтавои сӯҳбат пинҳон бимонад. Фақат гуфта шудааст, ки додситонӣ аз хабарҳои «Стан-ТВ» дар бораи рӯйдодҳои Жанаозен норозист. Намояндаи додситонӣ Серик Караманов гуфтааст, маҳз дар рӯзи 16-уми декабр дар Жанаозен пайдо шудани хабарнигорон ба як пурсиши муҳим табдил ёфтааст.Толеуова мегӯяд, гурӯҳи наворбардори «Стан-ТВ» ҳанӯз аз 26-уми май дар Жанаозен ба сар мебурд.

Хабарнигори Бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Казис Тогузбаев, ки якҷо бо наворбардори «Стан-ТВ» Виктор Гудз ҳангоми сӯҳбати Толеуова дар додситонӣ ҳозир буд, аз тарафи кормандони полис таҳдид шуд, ки ба таври ғайриқонунӣ наворбардорӣ кардааст. Полис гуфтааст, ҳама гуна наворбардорӣ танҳо бо иҷозаи коменданти шаҳр мумкин аст. Додситонии Жанаозен эълом доштааст, ки ҳамаи хабарнигорон, ки рӯйдодҳои 16-уми декабрро дидаанд, ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG