Пайвандҳои дастрасӣ

Корбарони тоҷикистонии интернет дар давоми сол борҳо ба вожаҳое чун “Роғун”, “IRS” ва “парчам” рӯ овардаанд.

Шояд барои он ки тарҳи нерӯгоҳи Роғун тамоми сол сари забонҳо буду шикоятҳо аз ширкати Innovative Road Solutions Ltd баланд мешуду дар моҳи сентябр он ба як бор ҳамаи ҳайати раҳбарии худро иваз кард ва маълум шуд, ҳошияи роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ низ зери назораташ будааст. Аммо баландтарин парчами ҷаҳон дар Душанбе як бор дар моҳи май парафшон гашт, сипас дар иди истиқлолият ва баҳси он дар Фейсбук тамоми сол ба андозаи 165 метри баландияш дар авҷ буд.

ҶУСТУҶӮИ ХАБАРҲО

Бо вуҷуди бархе аз ҳамнавоиҳо ҷустуҷӯҳо аз Тоҷикистон дар ҷӯяндаи Google аз Яндекси русӣ, Facebook аз Мой миру В контакте як андоза фарқ мекард. Барои намуна, вақте ки дар аввали сол бисёриҳо аз Google бо калимаҳои “Камароб”, “Рашт”, “Алии Бедакӣ”, “Мулло Абдулло” иттилоъ меҷустанд, вожаҳои асосӣ дар Яндексро “алпинизм в Таджикистане”, “игры” ва “недвижимость в Таджикистане” ташкил медоданд.

Аммо калидвожаҳои машҳури нимаи дувум ва охири соли 2011 қариб дар ҳамаи ҷӯяндаҳои интернетӣ камобеш ба ҳам монанд шуда, “Роғун”, “Рогун”, “Рагунский ГЭС”, “истиқлолият”, “независимость Таджикистана”, “летчики”, “халабонҳо”, “Садовничий”, “мигранты”, “муҳоҷирони тоҷик” ва “депортатсия” бартарӣ пайдо кардаанд.

Сардабири ҳафтаномаи русизабони «Азия-Плюс», Марат Мамадшоев, мегӯяд, бешубҳа, дар ҷараёни “бӯҳрони марбут ба халабонҳои рус” беш аз ҳама ибораи «чораҳои «ассиметрӣ»-и президенти Русия Дмитрий Медведев маъруф гаштааст, зеро он ба ҳаёти қариб ҳар оилаи тоҷик асар дошт: «Таъсири ин қазия на танҳо фазои Русия ва Тоҷикистонро ҳатто берунтар аз он қаламрави кишварҳои ИДМ-ро фаро гирифт.»

Марат Мамадшоев, сардабири "Азия-Плюс"

Марат Мамадшоев, сардабири "Азия-Плюс"

Аз нигоҳи ҷаноби Мамадшоев, қазияи халабонҳо нишон дод, байни ду кишваре, ки ҳамдигарро “шарики стратегӣ” меномиданд, аслан ҳеҷ муносибати хубе вуҷуд надоштааст. Ин бӯҳрон сабаб гашт, то сиёсати хориҷии Душанбе, амалкарди раисиҷумҳур ва ҳукумати ӯ зери заррабин қарор гирад. Узви Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфт: «Мо мисли пеш наметавонем бигӯем, ки президент медонаду командааш. Хусусан, вақте ки амалкардҳои манфии ин команда он қадар ба миллат таъсир расонидааст, ки ҳар шаҳрванд дар пӯсту ҷонаш онро ҳис мекунад, билохира, мо бояд ба президент бигӯем, ки билфосила дар фикри тағйири командааш бошад.”

Чунин назарҳо чанд ҳафта баъд аз иди пуршукӯҳи истиқлолият садо дод, ки дар ҷараёни он бо ифтитоҳи муассисаҳои нав ва ҷамъомадҳои шукргузорона элитаи ҳоким паём медод, ки дар 20 сол ба дастовардҳои бузурге ноил гаштааст.

Дар ин байн ҳабси ду журналист, Урунбой Усмонов ва Муҳаммадюсуф Исмоилов низ сабаби ҷустуҷӯи корбарони интернет бо истифода аз номи онҳо шуд. Коршиноси мутақил Рашид Ғанӣ мегӯяд: «Боздошти журналистон, ба вижа журналисти Би-би-сӣ Урунбой Усмонов, аз як масъалаи дохилӣ ба як ҷанҷоли байналмилалӣ кашонида шуд. Президент маҷбур шуд шахсан онро таҳти назорат гирад. Албатта, чунин ҳодисаҳо ба обрӯи байналмилалии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид.»

ҶУСТУҶӮИ ШАХСИЯТҲО

Ҷолиб аст, ки корбарони интернет дар Тоҷикистон дар давоми сол номи афроди мухталиферо ба ҳайси калимаи ҷустуҷӯ истифода кардаанд. Дар семоҳаи аввали сол “Бозор Собир”, “Ҳоҷӣ Мирзо” ва “Алим Шерзамонов” аз ин қабил будаанд. Шоири номвари тоҷик 6-уми январ, сафари, ба гуфтаи ӯ, охиринаш ба Тоҷикистонро поён дода, ба Амрико баргашт, аммо, зоҳиран, сӯҳбатҳои ӯ то нимаи соли 2011 хабарсоз боқӣ монданд. Аз ҷумла зарбаи, ба навиштаи матбуот, иттилооотии ӯ ба ҲНИТ бо пешниҳоди бастани ҳизби исломии Тоҷикистон.

Бозор Собир, шоири номвари тоҷик

Бозор Собир, шоири номвари тоҷик

Таваҷҷӯҳро ба Бозор Собир бори дигар нахустнамоиши спектакли "Шабе дур аз ватан" дар Душанбе барангехт. Агар воизи оташсухан Ҳоҷӣ Мирзоро барканорӣ аз мавъиза дар сархатти ҷустуҷӯҳо қарор дода бошад, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон Алим Шерзамонов бо изҳороти худ, ба монанди истифода накардани донишомӯзон дар маросими пешвози меҳмонони олирутба ва сарпечии эътироизияш аз ширкат дар анҷумани ҳизб, ки хатари ҷудоӣ дар ин созмонро ба бор овард, машҳур шуд.

Бештарин ҷустуҷӯи номи Низомхон Ҷӯраев на танҳо дар робита ба парвандаи ҷиноии се додрас зидди нашрияҳо ва вакил Солеҳҷон Ҷӯраев ба вуқӯъ пайваст, балки ҳамчунин ба талаби Тоҷикистон аз Русия дар мавриди истирдодаш ба Душанбе. Ноиби сарвазир Асадулло Ғуломов, овозхон Сӯҳроби Сафарзод ва мухолиф Султон Қувватро зимни хабари даргузашташон, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси зиддикоррупсиониро баъд аз чанд изҳороташ, донишманд Акбари Турсонро пас аз таъин шуданаш ба мақоми мудири пажӯҳишгоҳ, овозхон Фарзонаи Хуршед, вазири собиқ Ёқуб Салимро зимни овозаҳои озодии эҳтимолиашон бо қонуни афв, соҳибкор Сафармад Рустамов мулаққаб ба “Кабуд”-ро баъд аз ҳабсаш ҷустуҷӯ карданд.

Семоҳаи охири сол ҷӯяндагони иттилоъ беш аз ҳама номи афроде чун Эшони Нуриддин, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Саидмукаррами Абдулқодирро паҳлуи вожаҳое мисли ошӯро”, “муфтӣ” ва “уламо” чидаанд, то аз баҳси шадиди байни Шӯрои исломии Тоҷикистон ва хонадони Тӯраҷонзодаҳо огаҳӣ ёбанд. Сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, бе ин баҳс ҷомеаи Тоҷикистон ба маротиб оромтар буда метавонист: «Мутаассифона, доираҳои мансабхоҳе ба курсиҳои давлат таи солҳои дароз роҳ ёфтаанд, ки чунин фитнаҳоро бармехезонанд ва суботу оромии ҷомеа ва заҳматҳои ба сулҳу осоиш расиданро барбод медиҳанд. Ва нигаронии ҷомеаро ба бор меоранд.»

Алии Бедакӣ дар навори видео

Алии Бедакӣ дар навори видео

Аммо “чемпион”-ҳои ҷустуҷӯи хонандагон дар Тоҷикистон чи дар Google-у Яндекс ва чи Ютюбу РуТюб ва Йоҳу дар тамоми соли 2011 номҳои Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло будаанд. Навори бозпурсии Бедакӣ ва қатли Мулло Абдуллоро дар шабакаҳои пахши видео ҷамъулҷамъ наздик ба ним миллион нафар боз кардаанд. Таваҷҷӯҳ ба номи Мулло Абдулло дар нимаҳои сол коҳиш ёфта, вале баъдан дубора бештар шудааст, ки сабаби ин зеру бам рӯшан нест.

Корманди Маркази омӯзишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Комёб Ҷалилов мегӯяд: «Ман борҳо таъкид карда будам, ки баъзе гурӯҳҳо аз хориҷ ишора мекарданд, ки мардуми минтақаи Рашт аз гурӯҳи Мулло Абдулло ва дигарон пуштибонӣ мекунанд ва онҳо метавонанд ба таври давомдор дар ин минтақа бимонанд ва ба вазъи Тоҷикистон таҳдид кунанд. Аз ҳамин хотир ман ин иқдоми неруҳои мусаллаҳи кишварро муҳимтарин василаи ҳалли ин мушкили Тоҷикистон медонам.”

Аз афроди дигар номи овозхони саршинос ва модари Шабнаму Фарзона – Сурайёи Қосим, эҳтимолан дар робита ба афв ва озодии Фарзонаи Хуршед ва раиси Ҳизби демокрaти Тоҷикистон, Масъуд Собиров, ба далели пешниҳоди ёдоварӣ ва қадрдонӣ аз фаъолони замони эълони истиқлолияти Тоҷикистон, монанди Қадриддин Аслонов, Тоҳири Абдуҷаббор ва дигарон мояи кунҷковии корбарони интернетӣ дар соли 2011 шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG