Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

В.Путин: "Мухолифон ҳадафи рӯшан надоранд"


Владимир Путин, нахуствазири Русия ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар

Владимир Путин, нахуствазири Русия ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар

Нахуствазири Русия гуфт, “дар байни мухолифон ягон одаме нест, ки кори мушаххасе анҷом дода тавонад.”

Владимир Путин, нахуствазири Русия, мухолифони давлаташро танқид кард, ки ба қавли ӯ мехоҳанд, натиҷаҳои интихоботи порлумониро зери шубҳа гузоранд.

Ӯ ба тазоҳуроти 24-уми декабр ишора кард, ки дар он мардум аз ҳукуматдории тӯлонии Путин ва натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми декабр изҳори норизоиятӣ карда, хостори баргузории интихоботи нав шуданд. Ба гуфтаи мухолифон, дар интихоботи Думаи давлатӣ ба нафъи ҳизби “Русияи воҳид” тақаллуб сурат гирифтааст.

Владимир Путин, нахуствазири Русия ва яке аз номзадҳои интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури ин кишвар мухолифони давлаташро танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ барномаи воҳид ва ҳадафҳои рӯшан надоранд. Ба қавли Путин, “дар байни мухолифон ягон одаме нест, ки кори мушаххасе анҷом дода тавонад.”

Ҷаноби Путин бознигарии натоиҷи интихоботи порлумонии оғози моҳи декабрро бефоида хонд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, “интихоботи порлумонӣ анҷом шуд.Тамоми фраксияҳои Думаи давлатӣ ба фаъолият пардохтанд, спикер ҳам интихоб шуд. Дар ҳоли ҳозир гуфтугӯ дар мавриди бознигарии интихобот бенатиҷа аст.”

Владимир Путин гуфт, ки ягона роҳ муроҷиат ба додгоҳ аст. “Агар иштибоҳ аст, пас, додгоҳ вазифадор аст, ки онро баррасӣ карда, қарори худро содир намояд",-гуфт ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG