Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гилаи Ҷӯрабеки Мурод аз телевизионҳои давлатӣ


Ҷӯрабеки Мурод, ҳунарманди шинохта ва маҳбуб дар Тоҷикистон, аз он гиламанд аст, ки телевизионҳои давлатӣ таронаҳои ӯро пахш намекунанд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби чунин муносибати сард бо худро намедонад, агарчӣ ин масъаларо бо худи раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон матраҳ кардааст. Ҷӯрабеки Мурод дар барномаи "Меҳмони Озодӣ" гуфт: "Намоишҳои ҷашниро такрор медиҳанд, навбати ман меояд, реклама медиҳанд, суруди маро мебуранд. Дар (ҷашнҳои) Рашт ҳамин гуна шуд, дар Хуҷанд, дар Бадахшон ҳам. Ман онҷо будам бо раиси ҷумҳур. Намедонам, чаро сурудҳои маро пахш намекунанд, ман ба касе гапи сахт нагуфтаам. Ҳоло ки сурудҳои ман ки бисёр насиҳатӣ аст, барои ҷавонҳо даркор аст." Ҷӯрабеки Мурод ҳамчунин афзуд, ки солҳои ахир масъулони фарҳангӣ бо баҳонаҳои гуногун намегузоранд, то ӯ дар ҷашнҳои давлатӣ тарона иҷро кунад. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, муносибати телевизионҳои давлатӣ бо писараш Ҷонибек Муродов овозхони ҷавони шинохта ҳам чунин аст. Ҷӯрабеки Мурод аз ҳунармандони шӯҳратёри замони шӯравӣ дар Тоҷикистон аст ва дар миёни қишрҳои васеъ маҳбубияти зиёд дорад.
XS
SM
MD
LG