Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони араб ба Ҳумси Сурия расиданд


Нозирони Иттиҳодияи Араб имрӯз ба шаҳри ноором ва муҳосирашудаи Ҳумси Сурия ворид шуданд, ки як саҳнаи аслии тазоҳуроти зиддидавлатӣ аст. Ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқ, нерӯҳои давлатӣ тонкҳоро қабл аз вуруди нозирон аз шаҳр берун мекунанд. Муҳаммад Солеҳ, яке аз фаъолони мухолифин гуфт, ҳамлаҳои тонкҳо ба шаҳри Ҳумс субҳи имрӯз хотима ёфт ва шаш тонк ҳам шаҳрро тарк карданд. Ба гуфтаи шоҳидони дигар, мошинҳои зиреҳпӯш ҳам аз шаҳр берун мешаванд ва дар баъзе ҳолат, низомиён тонкҳоро пинҳон мекунанд. Панҷоҳ нозири Иттиҳодияи Араб ба Ҳумс мераванд, то бубинанд, ки оё давлати Сурия барномаи сулҳро иҷро мекунад, ки як бахши он берун кашидани низомиён аз шаҳрҳои кишвар аст.
XS
SM
MD
LG