Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишгоҳҳои Чин ҷавонони тоҷикро ҷазб мекунанд


Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Пекин, мегӯяд, теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чин тайи як даҳсолаи соли ахир 50 маротиба афзудааст. Ба гуфтаи ӯ, то кунун тақрибан 4 ҳазор ҷавонони тоҷик донишгоҳу донишкадаҳои Чинро хатм кардаанд. Рашид Олимов афзудааст, имсол дар 110 донишгоҳи Чин бештар аз 1000 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, аз ҷумла дар донишгоҳҳои бонуфузе ба мисли Донишгоҳи давлатии Пекин, Донишгоҳи иқтисод ва соҳибкории Пекин. Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо марзи 500 километрӣ ҳоло ба шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG