Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозирони араб дар роҳ ба сӯи шаҳри Ҳумси Сурия


Нозирони Иттиҳодияи Араб дар роҳ ба сӯи шаҳри ноором ва муҳосирашудаи Ҳумси Сурия ҳастанд, ки яке аз саҳнаи аслии тазоҳуроти зиддидавлатӣ аст. Ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқ, қабл аз вуруди ин нозирон нерӯҳои давлатӣ тонкҳоро аз шаҳр берун мекунанд. Муҳаммад Солеҳ, яке аз фаъолони мухолифини Сурия гуфт, ҳамлаҳо бо тонкҳо ба шаҳри Ҳумс субҳи имрӯз хотима ёфт ва шаш танк ҳам шаҳрро тарк карданд. Ба гуфтаи шоҳидони дигар, мошинҳои зиреҳпӯш ҳам аз шаҳр берун мешаванд ва дар баъзе ҳолат, низомиён тонкҳоро пинҳон мекунанд. Панҷоҳ нозир ҳамроҳ бо 10 мақоми расмии дигари Иттиҳодияи Араб ба Ҳумс мераванд, то бубинанд, ки оё давлати Сурия барномаи сулҳро иҷро мекунад, ки як бахши он берун кашидани низомиён аз шаҳрҳои кишвар аст.
XS
SM
MD
LG