Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши андаки бемории зуком дар Тоҷикистон


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, соли равон дар фасли сармо тақрибан 16 ҳазор нафар ба бемориҳои зуком ва ё грипп гирифтор шудаанд, ки назар ба соли гузашта 800 нафар бештар аст. Наврӯз Ҷаъфаров, раҳбари раёсати марбута дар вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба хабаргузории «Азия Плюс» гуфтааст, имсол танҳо як навъи вируси зуком ба мушоҳида расид, агарчӣ соли гузашта се навъи ин беморӣ дар Тоҷикистон паҳн шуда буд. Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, ғолибан ваксинзанӣ алайҳи бемории зукоми мурғ дар соли гузашта, мардумро аз навъҳои мухталифи зуком эмин нигаҳ доштааст. Сабаби афзоиши умумии зуком зоҳиран ҳавои сарди имсола будааст.
XS
SM
MD
LG