Пайвандҳои дастрасӣ

Cоли 2011 аз лиҳози иқтисодиро барои Тоҷикистон метавон номуваффақ хонд.

Роҳи мошингарди Душанбе- Ваҳдат- Рашт- Сари Тош, ки пойхатро ба Қирғизистон ва Чин мепайвандад, аз барномаҳои хотирмони соли 2011 унвон шудааст.

Аслонбек Ака, сокини ноҳияи Ҷиргатол, ки аз чанд сол бадин сӯ дар ин роҳ рафтуомад дорад, гуфт: «Ин роҳи навсозишуда вақти рафтуомадро як баробар кӯтоҳ мекунад. Агар пеш дар тӯли 9 соат аз Душанбе то Ҷиргатол мерасидӣ, ҳоло дар чаҳор соат ин роҳ тай мешавад.»

Ин роҳ то андозае дар як соли ахир тавонист ниёзи Тоҷикистон ба роҳҳои марзии транзитӣ аз тариқи Узбакистонро коҳиш бидиҳад. Ва дар фасли тобистон ҳатто бахше аз колоҳо аз Русия аз тариқи Чин тавассути ин роҳ вориди Тоҷикистон шуд.

Ба қавли мардум, барномаи дигари иқтисодии хотирмон, ин сохтмону мавриди истифода қарор додани хатти интиқоли барқӣ 220 киловолтии Сангтӯда то Афғонистон аст. Тоҷикистон метавонад дар фасли гармо нерӯи барқи изофии худро бифурӯшад ва бозори энержӣ дар ҷануби шарқи Осиёи Марказиро аз даст надиҳад. Тоҷикистон иҷрои барномаҳои энержиро дар авлавияти фаъолияти давлат қарор додааст ва тасмим дорад ба як кишвари содиркунандаи барқ табдил шавад.

Масъуд Собиров

Масъуд Собиров

Аммо ба эътиқоди Масъуд Собиров, коршиноси масоили минтақа, барномаи иҷрошудаи хотирмон ин сохтмони нақб ё туннел дар мавзеи Чормағзак аст. Вай афзуд: «Ман умед доштам дар соли 2011 ягон бахши барномаи сохмони нерӯгоҳи Роғун ба поён мерасад. Вале афсус, ки нашуд. Ва ба назари ман сохтмони туннели Чормағзакро метавон барномаи муваффақ дар зербинои ҷумҳурӣ бошад.»

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории "Азия Плюс" дар як назарсанҷии худ аз натоиҷи он хулоса кардааст, ки сохтмонҳои ҷашнӣ бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлоли ҷумҳурӣ муваффақ набуданд, ки давлат аз ҳисоби будҷа ҳудуди 200 миллион доллар масраф кардааст. Дар ин пурсиш сохтмони Китобхонаи миллӣ ва муттакои Парчами миллӣ ба назари манфии мардум рӯбарӯ шудааст.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров далели ба назари манфӣ рӯбарӯ шудани ин сохтмонҳоро, ки дар маҷмӯъ 56 миллион доллар масраф шудаастро, чунин шарҳ дод: «Сохтани иншоотҳое, ки маҳсул намедиҳанд ва рушди иқтисодро такон намебахшанд, иштибоҳ аст. Барои мисол Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд ки ҳукумат ба ҷои масҷиди бузургу серхарҷ бо сармояи Қатар, бояд ба сохтмони корхонаҳои тавлидӣ бо ин кишвар тавофуқ мекард. Аммо ҳукумат бошад барои сохтмони ин масҷид пофишорӣ мекунад, ки боиси таассуф аст. Масҷид рушди иқтисоди меҳтари ҷумҳуриро таъмин карда наметавонад. Вале корхонаҳои тавлидӣ имкон дорад ба будҷа оидоти бештар ворид кунад ва мардумро ба ҷои кор таъмин намояд.»

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

Ба эътиқоди ҷаноби Умаров, бо пули масрафшуда барои Китобхонаи миллӣ ва муттакои Парчами миллӣ, мумкин буд дар Тоҷикистон чанд корхонаи тавлидотӣ ва ду маркази гармидиҳӣ бо нерӯгоҳи ҳароратии тавони 220 мегаватт дошта сохта шавад, ки барои сохтмони як ҳамчунин нерӯгоҳ, 12 миллион доллар масраф мешавад.

Гузашта аз ин, аз рӯи назарсанҷии "Азия Плюс", мардум сохтмони марказии тиҷоратӣ бо номи "Душанбе–Плаза" дар маркази пойтахтро низ барномаи номуваффқ хонданд. Дар ҳоле, ки дар хиёбони Аҳмади Дониши пойтахт чунин марказ бунёд шудааст ва то ба ҳол муштарии қобили мулоҳиза надорад ва ба будҷа оидоти кофӣ ворид намекунад.

Аммо бархе аз сокинони пойтахт дар гуфтугӯ бо РО назари худро алорағми пурсиши "Азия Плюс" иброз доштанд, ки аксаран аз сохтмони Китобхонаи миллӣ, баландтарин парчам ва ғайра истиқбол карданд.

Сохтмони туннели "Шаҳристон" низ аз барномаҳои ҷашнӣ буд, ки бояд имсол ба поён мерасид. Ва сокинони пойтахт ва вилояти Суғд аз иҷрои ин барнома интизории зиёде доштанд. Зеро бо истифодаи ин туннел, ҳамлу нақли коло дар ин масир фасли зимистон ҳам қатъ намешуд. Вале ба гуфтаи коршиносон, ба далели камбуд дар барномарезии ин тарҳ аз лиҳозӣ гелологӣ ва омӯзиши қабатҳои замин, иҷрои ин барнома ба соли оянда гузошта шудааст.

Соли 2011 давлати Тоҷикистон барои зиёд кардани кишти пахта иқдом ва 412 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд.Вале ба далели бесуботӣ дар бозори ҷаҳонии нахи пахта ва имкони поин омадани қимати он, деҳқонон натавонистанд ба корхонаҳои нассоҷӣ ба қимати хуб бифурӯшанд ва ба ин далел оидоти хубе ба даст наоварданд.

Аммо давлат аз ҳисоби нахи пахтаи соли 2010 дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди 121 миллион доллар нахи пахта фурӯхтааст. Дар ҳоле, ки қарор буд давлати Тоҷикистон содироти нахи пахта ба бозорҳои ҷаҳониро 60 дарсад боло бубарад. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 22 корхонаи нассоҷӣ фаъол аст, ки то сад ҳазор тонна нахи пахтаро коркард мекунанд.

Корхонаи "Талко"

Корхонаи "Талко"

Истеҳсоли алюминиюми хом бошад дар соли 2011 ҳудуди 17 дарсад коҳиш ёфтааст. Мақомоти корхонаи "Талко" далели ин коҳишро навсозӣ дар баъзе аз дастгоҳҳои гидролизӣ хондааст. Дар соли 2011 қарор буд ин корхона 390 ҳазор тонна алюминиюм истеҳсол кунанд. Имсол дар ҳудуди 170 ҳазор тонна ба маблағи 440 миллион доллар фурӯхта шудааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфтааст, ки 60 дарсади тавони содиротии Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳониро алюминиюм ташкил медиҳад. Вале дар асл корхонаи «Талко» ба будҷаи давлат танҳо 300 миллион сомонӣ ворид мекунад. Дар бораи масрафи пулҳои боқимонда аз фурӯши алюминиюм ба даст омадаро мақомоти Тоҷикистон сирри давлатӣ эълон кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG