Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порлумони Исроил хашми Туркияро бармеангезад?


Вакилони мардумии Исроил ба рағми мухолифатҳои ҳукумат масъалаи қатли оммавии арманиҳо дар замони империяи туркони усмониро баррасӣ карданд, ки бешак хашми Туркияро бармеангезад. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, рӯзи душанбе ин масъала баррасӣ шудааст, ки қатли арманиҳо дар соли 1915-ро наслкушӣ эътироф кунанд, ё не. Равобити Исроилу Туркия, як замон бисёр наздик буданд, тайи бештар аз як соли ахир сард шудааст. Арманиҳо мегӯянд, дар солҳои поёнии Ҷанги Ҷаҳонии Аввал туркони усмонӣ тақрибан якуним миллион арманиро куштанд, аммо Туркия мегӯяд, ин як муболиға аст ва дар он солҳои бесарусомонӣ на танҳо арманиҳо балки туркони зиёде ҳам кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG