Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати чинӣ нафти Афғонистонро истихроҷ мекунад


Вазорати маъданҳои табиии Афғонистон имрӯз гуфт, бо Ширкати Миллии Нафти Чин қарордодеро барои истихроҷи нафт имзо хоҳад кард. Ваҳидулло Шаҳронӣ, сухангӯи вазорат гуфт, қарордоди муқаддамотӣ рӯзи чаҳоршанбе имзо мешавад. Рӯзе пештар, ҳукумати Афғонистон ризоият дод, то Ширкати Милли Нафти Чин майдонҳои нафтии вилояти Форёб ва минтақаи Пули Хумрӣ дар шимоли Афғонистонро истихроҷ кунад, ки захираҳои онҳо 87 миллион бушка нафт баровард шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG