Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Қоида масъулияти ҳамлаҳои Ироқро бар дӯш гирифт


Як ҳалқаи Ал-Қоида дар Ироқ масъулияти бомбгузориҳои хунини ҳафтаи гузашта дар Бағдодро бар дӯш гирифт, ки дар ин ҳамлаҳо 69 нафар кушта ва тақрибан 200 тани дигар захмӣ шуданд. Гурӯҳи худхондаи “Давлати Исломии Ироқ” бо нашри як баёнияе дар Интернет гуфтааст, ки “медонад, кай ва дар куҷо зарба занад.” Ин гурӯҳ гуфтааст, ҳамлаҳои хунини рӯзи панҷшанбе ба нишони ҳимоят аҳолии суннимазҳаб, сунниҳои зиндонӣ ва ёди сунниҳои қатлшуда аст, ки қурбони ба гуфтаи гурӯҳ, “қурбонии тарҳи вайронгари эрон” шудаанд, ки ишорае ба нуфузи афзояндаи Эрон дар миёни мардуми шиъамазҳаби Ироқ аст.
XS
SM
MD
LG