Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозирони Лигаи Араб имрӯз ба Ҳумс мераванд


Интизор меравад, нозирони Лигаи Араб имрӯз аз шаҳри ошӯбзадаи Ҳумси Сурия дидан кунанд. Ба гуфтаи фаъолон дирӯз бар асари шиллики тонкҳои артиши Сурия дар Ҳумс дастикам 30 кас кушта шуд. Ҷангҳо дар Ҳумс дар пайи ду бомбгузории интиҳории рӯзи ҷумъа дар Димишқ, ки 44 кушта ба ҷо гузошт, шиддат гирифтааст. Дирӯз 50 нозир ва 10 мақоми Лигаи Араб ба хотири поён додан ба 9 моҳи хушунатҳо байни мухолифин ва нирӯҳои Башор Асад вориди Сурия шуданд. Ба ҳисоби СММ, тайи ин 9 моҳ дар Сурия беш аз 5 000 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG