Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба курсии Қулибоев Шуқеев нишаст


Умурзоқ Шуқеев
Умурзоқ Шуқеев
Муовини сарвазири Қазоқистон Умурзоқ Шуқеев раҳбари нави сандуқи давлатии “Самрук-хазина” таъйин шуд. Ӯ дар ин симат Темур Қулибоев, домоди раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоевро иваз мекунад. Назарбоев шавҳари духтари дуввумаш Динораро ҳафтаи гузашта зоҳиран ба иллати ҳалл карда натавонистани баҳси маоши коргарони ширкати нафти “Қазмунайгаз” барканор кард. Рӯзи 16 декабр дар ҷараёни саркӯб кардани ошӯби коргарони ин ширкат дар шаҳри Жанаозен дастикам 15 нафар кушта шуданд. Барканории Қулибоев маҳфилҳоро сардаргум кардааст, чунки ӯ то кунун як вориси эҳтимолии курсии Назарбоев шумурда мешуд.
XS
SM
MD
LG