Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интисоби 3 узви Куммиссиюни интихоботи Афғонистон


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай 3 узви нави Кумиссиюни мустақили интихоботро таъйин кард. Ин ниҳод, ки аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ таъмини молӣ мешавад, ба иллати нотавониаш дар муқобили фишорҳои давлати Карзай таҳти интиқод қарор гирифтааст. Куммиссиюни интихобот дар маркази баҳси маъмурияти Карзай ва парлумон бар сари мавориди тақаллуб дар интихоботи соли 2010 қарор дошт ва пирӯзии қариб чоряки вакилони интихобшударо лағв кард. Ду узви ҷадиди Куммиссиюн – Ридо Азимӣ ва Саидҳошим Фӯлод - вакилони собиқи парлумон буда, нафари севвум - Ғулом Дастагири Озод - қаблан волии вилояти Урузгон буд.
XS
SM
MD
LG