Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ким Чен Унро раҳбари ҳизб ном бурдаанд


Ким Чен Ун
Ким Чен Ун
Матбуоти давлатии Кореяи шимолӣ дирӯз писар ва вориси тахти Ким Чен Ирро ҳамчун раҳбари кумитаи марказии ҳизби ҳокими коргарӣ ном бурд. Бино ба хабарҳо, ишораи рӯзномаи “Родонг Синмун” ҳокист, ки Ким Чен Ун дар роҳи касби қудрати комил бар Кореяи шимолист. Матбуоти ин кишвар қаблан Ким Чен Унро ҳамчун “раҳбари олӣ”-и нирӯҳои низомӣ ном мебурд. Ӯ алакай бо як ҳайъати Кореяи ҷанубӣ ба раҳбарии ҳамсарони ду раиси собиқи он ҷумҳурӣ ва мудири ширкати мошинсозии “Hyundai”, ки барои изҳори таслият омадаанд, мулоқоти кӯтоҳ дошт. Маросими дафни Ким Чен Ир, ки ҳафтаи гузашта даргузашт, рӯзи 28 декабр доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG