Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Шевчук дар интихоботи Приднестровйе


Евгений Шевчук
Евгений Шевчук
Раиси собиқи парлумони Приднестровйе Евгений Шевчук дар даври дувуми интихоботи раисиҷумҳури ин вилояти ҷудоихоҳи Молдова бар Анатолий Каминский, ки аз сӯи Маскав ҳимоят мешуд, ғолиб омад. Бино ба натоиҷи расмӣ, Шевчук 74 дарсад ва Каминский зери 20 дарсад райъ ба даст овардаанд. Игор Смирнов, ки беш аз 20 сол боз бар ин вилоят раҳбарӣ мекард, ҳанӯз дар даври аввали интихобот шикаст хӯрд. Шевчук соҳибкор буда, 43 сол дорад. Дар Молдова изҳори умед кардаанд, ки пирӯзии ӯ ба ҳалли масъалаи ҷудоихоҳии вилояти Приднестровйе мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG