Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи хунрезиҳо дар Ҳумси Сурия


Фаъолони Сурия мегӯянд, дирӯз бар асари манотиқи аҳолинишинро тирборон кардани нирӯҳои амниятӣ дар шаҳри ошӯбзадаи Ҳумс дастикам 23 тан ҷон бохтанд. Ин хушунат дар рӯзи вуруди нахустин гурӯҳи нозирони Лигаи Араб ба Сурия иттифоқ уфтод. Қарор аст, ин гурӯҳи иборат аз тақрибан 50 нозир ва 10 мақоми Лигаи Араб ба назорати манотиқи хушунатзада бипардозад. Шӯрои миллӣ – ниҳоди мухолифини Сурия дар ғурбат – гуфт, нозирон ҳарчанд ба Ҳумс расиданд, вале онҳоро ба нуқоти доғи шаҳр роҳ надоданд.
Раҳбари ин Шӯро Бурҳон Ғалюн дар Порис хостори дахолати СММ ва Лигаи Араб ба хотири хатми куштор дар Сурия шуд. Ба ҳисоби СММ, тайи 9 моҳи эътирозҳо алайҳи режими Башор Асад дар саросари Сурия беш аз 5 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG