Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор дар ду корхонаи пахта дар шимоли Тоҷикистон


Асароти сӯхтор дар корхонаи пахтаи шаҳри Ваҳдат (Акс аз бойгонӣ)

Асароти сӯхтор дар корхонаи пахтаи шаҳри Ваҳдат (Акс аз бойгонӣ)

Бар асари ду сӯхтори рӯзи 25 декабр дар ду корхонаи пахтаи вилояти Суғд 13,5 тонна пахтаи хом ба коми оташ рафт. Дар як корхонаи пахтаи ноҳияи Мастчоҳ 5,5 тонна пахта ва дар Зафаробод 8 тонна пахта сӯхтааст. Моҳе пеш як корхонаи пахтаи марбут ба хонаводаи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар шаҳри Ваҳдат дучори сӯхтор шуда буд.
Аз аввали сол дар Тоҷикистон 705 мавриди сӯхтор сабт шуда, бар асари ин офот 16 тан ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG