Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми абади омилони ҳамлаи Хуҷанд


Додгоҳи вилояти Суғд 5 нафарро бо ҷурми даст доштан дар ҳамлаи интиҳории моҳи сентябри соли 2010 алайҳи як идораи милиса дар шаҳри Хуҷанд ба ҳабси умрбод маҳкум кард. 45 тани дигар ба мӯҳлати аз 8 то 30 сол маҳкум шуда, танҳо 3 нафар аз ҷамъи 53 гумонбар дар ин мурофиа бар асоси қонуни афв раҳо ёфтаанд. Бар асари он ҳамла алайҳи шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноёти созмонёфта 4 кас кушта, 28 тани дигар захмӣ шуда, масъулияти ҳамларо як гурӯҳи начандон ошнои Ансоруллоҳ бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG