Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди ҷанги Афғонистон ва қатли Бҳутто


Имрӯз, 27 декабр, дар Исломобод рӯзи дувум ва ниҳоии музокироти Покистону Ҳинд аст. Имрӯз додгоҳи Гурҷистон бояд ҳукмаш дар мавриди дархости баргардондани ҳаққи шаҳрвандии сармоядор ва мунтақиди давлати кунунӣ Бидзина Иванишвилиро эълон кунад. 27 декабри соли 1979 нирӯҳои Шӯравӣ раҳбари вақти Афғонистон Ҳафизуллоҳ Аминро кушта, Бабрак Кармалро ба курсии раёсат нишонданд ва ҷанги даҳсолаи артиши Шӯравӣ дар Афғонистон оғоз ёфт. 27 декабри соли 2007 сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто дар пеши чашми издиҳоми тарафдоронаш дар натиҷаи як сӯъиқасд кушта шуд.
XS
SM
MD
LG