Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади мавриди эътимоди Маскав мағлуб шуд


Евгений Шевчук-раиси пешини порламон
Евгений Шевчук-раиси пешини порламон
Дар даври дуввуми интихоботи расёсати ҷумҳурии минтақаи Трансднестри Молдова Евгений Шевчук-раиси пешини порламон пирӯз шудааст. Пётр Денисенко-раиси Кумиссиюни марказии интихоботӣ имрӯз гуфт, Шевчук дар даври дуввуми интихобот рақиби худ Анатолий Каминскийро шикаст дод. Анатолий Каминский номзади мавриди эътимоди Маскав ва раиси порламони ба расмият шинохта нашудаи минтақаи ҷудоихоҳи Трансденестр аст. Тибқи маълумоти Кумиссиюни марказии интихоботӣ, Евгений Шевчук 73,88 ва Анатолий Каминский 19,67 дарсади ороро ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG