Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ГРУ-и Русия иваз шуд


Русия раиси раёсати умумии кашф ё ГРУ-ро, ки созмони кашфи низомӣ мебошад, барканор кард. Сухангӯи вазорати дифои Русия гуфт, генерал Игор Сергун бо фармони Кохи Кремл раиси нави ин раёсат таин шудааст. Вай дар ин мақом Александр Шляхтуровро иваз кард. Шляхтуров соли 2009 ба курсии раёсат нишаста буд. Сухангӯи вазорати дифоъ дар бораи ҷузъияти ин хабар чизе нагуфтааст, аммо хабаргузории РИА Новостӣ навиштааст, ки Шляхтуров ба сабаби бознишастагӣ аз мақом сабукдӯш шудааст. ГРУ аз соли 1918 то ҳол бо ҳамин ном фаъолият мекунад. Баъд аз фурӯпошии шӯравӣ низ ин ном боқӣ монд.
XS
SM
MD
LG