Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ва Озарбойҷон қарордоди лулаи газ имзо карданд


Туркия ва Озарбойҷон дар бораи ташкили як консорсиюм қарордод ба имзо расонданд. Тибқи ин қарордод, консорсиюми мазкур хати лулаеро месозад, ки гази Озарбойҷонро ба Туркия ва аз он ҷо ба Аврупо интиқол медиҳад. Ин қарордод ба ширкатҳои дигари нафту газ иҷоза медиҳад, ки ба узвияти ин консорсиюм дароянд. Лулаи нави газ аз чоҳи Шоҳденизи Озарбойҷон газро ба лулаи Анадолуи Туркия мерасонад ва қарор аст лулаи Анадолу ба лулаҳои Аврупо васл шавад.
XS
SM
MD
LG