Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум ҳамла ба калисои Нигерияро маҳкум кард


Попи Рум Бенидикти XVI
Попи Рум Бенидикти XVI
Попи Рум Бенидикти XVI бамгузорӣ дар калисои католикҳои Нигерияро маҳкум кард. Дар рӯзи милоди Масеҳ дар ин бамгузорӣ тақрибан 40 нафар кушта шуд. Попи Рум изҳор дошт, ки танҳо эҳтирому мусолиҳа метавонад ба хушунатҳо хотима диҳад ва сулҳро таъмин кунад. Вай имрӯз зимни суханронии баъд аз рӯзи милод гуфт, бо “андӯҳи бузург” аз ин ҳамла огаҳӣ пайдо кардааст. Гурӯҳи тундрави исломии Боко Ҳаром иддао кардааст, ки ҳамла ба калисои католики Терезаи муққаддас дар Мадалларо анҷом додааст. Соли дуввум аст, ки ин гурӯҳ дар рӯзи милоди Масеҳ ба калисо ҳамла мекунад.
XS
SM
MD
LG