Пайвандҳои дастрасӣ

Марди низомипӯши афғон ба нируҳои эътилоф тир кушод


Мақомоти низомӣ мегӯянд, як нафар дар либоси низомии артиши Афғонистон дар ҷануби ин кишвар ба сӯи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ оташ кушодааст. Дар изҳороти НАТО омадааст, дар ин тирандозӣ аз нируҳои эътилоф касе кушта нашудааст. Сухангӯи вазорти дифои Афғонистон ҳам мегӯяд, ки онҳо расидагӣ ба ин ҳодисаро, ки рӯзи шанбе рух додааст, шурӯъ кардаанд. Як нафар, ки нахост аз вай ном бурда шавад, гуфт, ки дар тирандозӣ як марди афғон кушта шудааст ва чанд нафар аз сарбозони эътилоф ҷароҳат бардоштаанд. Тирандозӣ дар вулусволии Боло Булуқ рух додааст.
XS
SM
MD
LG