Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Ҳомси Сурия 13 нафар кушта шуданд


Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, имрӯз нируҳои амниятии Сурия дастикам 13 нафарро дар шаҳри Ҳомс ҳадафи тир қарор додаанд. Ин дар ҳолест, ки қарор аст имрӯз ҳудуди 50 нафар нозирони кишварҳои Ҷомеаи Араб вориди ин кишвар шаванд. То ҳол давлати Сурия вуруди онҳоро таъйид накардааст. Ҳафтаи гузашта як гурӯҳи 9 нафарии нозирони араб ба Димишқ-пойтахти Сурия омада буданд. Боздиди нозирони кишварҳои арабӣ бахше аз тавофуқотест, ки миёни ҳукумати Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ва Ҷомеаи Араб ба даст омадааст. Қарор аст то охири моҳи ҷорӣ 150 нозири араб вориди Сурия шаванд.
XS
SM
MD
LG