Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия дуздон платинаро аз корхона рабуданд


Афроди мусаллаҳи номаълум ба як корхонаи Русия шабехун задаанд ва ба арзиши 5,7 миллион доллар маъдани гаронбаҳои платинаро рабудаанд. Дар шаҳри Астрахан дуздон шабона посбононро бо зӯри аслиҳа дар ҷое нигоҳ доштаанд ва амалиёти худро анҷом додаанд. Пётр Русанов-сухангӯи пулиси Русия гуфтааст, дуздон тақрибан 40 қолаби аз 100 то 150 килограмии платинаро бо худ бурдаанд. Касе аз дуздон осеб надидааст. Ба гуфтаи вай, роҳҳо дар имтидоди рӯдхонаи Волга шадидан зери назорат дароварда шудааст ва мошинҳои як гурӯҳи 10-12 нафарӣ ҷустуҷӯ мешавад.
XS
SM
MD
LG