Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони арабӣ вориди Сурия мешаванд


Интизор меравад, ки имрӯз нахустин гурӯҳи нозирони кишварҳои Ҷомеаи Араб вориди Сурия шавад. Боздиди онҳо бахше аз барномаи қатъи хушунатҳост, ки дар натиҷаи саркӯбии тазоҳуркунандагон тавассути нируҳои амниятии Сурия пеш омадааст. Шӯрои Миллии Сурия, ки нируи мухолифи давлати ин кишвар аст, аз нозирон хостааст, ки аз шаҳри Ҳомс ва манотиқи дигар, ки нируҳои режим ҳамчунон норзиёни сиёсиро зери фишор мегиранд, боздид кунанд. Валид Муаллим-вазири корҳои хориҷаи Сурия гуфт, вай интизор аст, ки нозирони кишварҳои арабӣ аз андешаҳи ҳукумат дар ин бора, ки нооромиҳо аслан кори дасти “террористони мусаллаҳ” аст, ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Аммо кишварҳои ғарбӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар барои ин нооромиҳо режими Башор Асадро муттаҳам медонанд.
XS
SM
MD
LG