Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми 53 нафари муттаҳам дар ҳамлаи интиҳории шаҳри Хуҷандро эълон кард.

Бино ба қарори додгоҳ, панҷ нафар аз ин гурӯҳи 53-нафарӣ -- Фирдавс Каримов, Соҳиб Собитов, Исматулло Додоев, Зафар Каримов (ҳама аз шаҳри Истаравшан) ва Акмал Ҳошимов, сокини ноҳияи Спитамен ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд.

Дадобой Гадойбоев, додраси додгоҳи Суғд, гуфт, ки додгоҳ ин афродро барои роҳандозии "амалиёти террористӣ" мутобиқи Қонуни ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст. Ӯ гуфт, 3 нафари дигар то эълони ҳукм бар асоси Қонуни афв аз толори додгоҳ озод шуда, 45 нафари боқимонда барои аз ҳашт то сӣ сол равонаи зиндон гардидаанд.

Додгоҳи вилояти Суғд ин ҳукми худро рӯзи ҷумъа, 23-юми декабр, эълон кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Тамара Юсуфова, вакили мудофеи Илҳом Усмонов, як узви ин гурӯҳи 53-нафарӣ мегӯяд, қарори додгоҳ бе ширкати вакилони мудофеъ қироат шуда, бархе аз вакилони мудофеъ ҳатто дақиқ намедонанд, ки ҳукми нафари таҳти ҳимояташон чист. Ӯ гуфт, "ман ҳоло фаҳмидам, ки зерҳимояам ба 8 соли ҳабс барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ маҳкум шудааст. Аммо ман ба ин ҳукми додгоҳ нисбат ба зерҳиямояам розӣ нестам. Ва ҳоло арзиаи кассатсионӣ омода кардам, ки баъди дастрас намудани нусхаи ҳукм ба мақомоти додгоҳӣ пешниҳод хоҳам кард."

Лаҳзае баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ. Хуҷанд, моҳи сентябри соли 2010

Лаҳзае баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ. Хуҷанд, моҳи сентябри соли 2010

Додгоҳи вилояти Суғд моҳи августи мсоли ҷорӣ ба баррасии парвандаи ин гурӯҳи 53-нафарӣ, ки тақрибан чиҳил нафари онҳо зодаи шаҳри Истаравшананд, оғоз карда буд. Додгоҳ он вақт эълом намуд, ки ин афрод барои даст доштан дар ҳамлаи интиҳории моҳи сентябри соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд гумонбаранд.

Ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои Бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Хуҷанд чаҳор кушта ва 28 захмӣ бар ҷой гузошта буд. Ин нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон буд, ки дар қисмати шимолии кишвар рух дод.

Мақомоти Суғд дар ҳамлаи интиҳории рӯзи 3-юми сентябри соли 2010 дар Хуҷанд, аъзои Ҷунбиши исломии Узбакистон ва шарикони онҳоро муттаҳам медонанд. Юсуф Раҳмонов, додситони вилояти Суғд низ мегӯяд, ҳангоми тафтиши аввалияи парванда гуноҳи онҳо дар мавриди содир намудани ин амали террористӣ исботи худро ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тафтишотӣ шахси ҳамлавар ба бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаро Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд эълон карда буданд.

Вай рӯзи 3-юми сентябри соли 2010 бо автомобили "ГАЗ-2104", ки маводи тарканда дошт, ба саҳни бинои мазкур ворид шуда, худро тарконид. Ба маълумоти Раёсати амнияти Суғд, Акмал Каримов аз соли 2009 бо иттиҳоми "одамрабоӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт ва ба Афғонистон фирор карда, муддате дар урдугоҳҳои террористӣ таълим гирифтааст.

Ба дунболи ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли гузашта нахуст масъулияти ҳамларо як гурӯҳи мазҳабии "Ҷамоати Ансоруллоҳ" бо навиштани як нома дар шабакаи Интернет бар дӯш гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG