Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Эҳтимоли эъдоми Сакина Оштиёнӣ дар Эрон


Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ

Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ

Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ, ки маҳкум ба сангсор шуда буд, эҳтимол дорад, ба дор овехта бишавад.

Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ, як зани эронии соҳиби ду фарзанд, ки бо ҷурми ҳамдастӣ дар қатли шавҳараш ва зино ба қатл аз роҳи сангсор маҳкум шуда буд, шояд на сангсор, балки ба дор овехта шавад.

Молик Аждари Шарифӣ, додситони устони Озарбойҷони шарқии Эрон гуфтааст, Оштиёнӣ ду ҳукм гирифта буд, ки яке ҳукми сангсор бо ҷурми зиност ва дигарӣ - 10 соли зиндон барои ҳамдастӣ дар қатли шавҳараш.

Шарифӣ гуфтааст, дар устони Озарбойҷони шарқӣ васоили иҷрои ҳукми сангсор вуҷуд надорад ва раҳбари қувваи қазоияи Эрон оятуллоҳ Содиқи Лориҷонӣ посух дода, ки “азбаски ҳадафи аслӣ иҷрои ҳукм аст, дар сурати набуди васоили сангсор, тибқи шариат ин ҳукмро метавон бо дор иваз кард.”

Волии Озарбойҷон гуфтааст, мақомот феълан ҳамин мавзӯи шеваи иҷрои ҳукми эъдоми Оштиёниро баррасӣ доранд, ки оё нафари маҳкум ба сангсорро метавон ба дор кашид ё на. Аммо Муҳаммад Мустафоӣ, вакили мудофеи собиқи Сакина Оштиёнӣ, ки соли гузашта ба Норвегия паноҳанда шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Фардо гуфт, қувваи қазоия тибқи қонунҳои Эрон, ҳаққи табдили ҳукми сангсор ба ҳеҷ ҳукми дигареро надорад.

Шавҳари Оштиёнӣ ҳанӯз соли 2005 кушта шуд ва ӯро дар соли 2006 дар ду мурофиаи алоҳида дар Табрез маҳкум ба 10 соли зиндон ва ҳам ба сангсор карданд. Худи Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ иттиҳоми зиноро рад мекунад.

Ҳукми ӯ мавҷи интиқодҳои тунди байнулмилалиро ба бор овард. Иттиҳодияи Аврупо ҳукми сангсори Оштиёниро ҳукме “барбарӣ” хонд. Ватикан аз Эрон хост, ки аз гуноҳи ӯ гузарад. Бразилия барои Оштиёнӣ пешниҳоди паноҳандагӣ дод. Афви байнулмилалӣ гуфт, ки Оштиёниро дар зиндон боз ба 99 зарби шаллоқ маҳкум карданд.

Эрон дар пайи ин мавҷи интиқодҳо дар оғози сол эълон кард, ки иҷрои ҳукми сангсори Сакинаи Муҳаммадии Оштиёниро боздоштааст. Як мақоми қувваи қазоияи Эрон гуфт, иҷрои ҳукми Оштиёнӣ ба далоили башарӣ боздошта шудааст, вале ин ба маънои лағви худи ҳукми эъдоми ӯ нест.

Муҳаммади Мустафоӣ мегӯяд, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷаҳонӣ ба қазияи Оштиёнӣ буд, ки мақомоти Эрон 5 сол боз наметавонанд ба иҷрои ҳукми сангсори ӯ иқдом кунанд, вагарна чун дар мавориди дигари қатлҳои махфиёна, ки Эрон бо он шӯҳрат дорад, ҳукми нафари таҳти ҳимояти ӯ низ кайҳо ба иҷро мерасид. Дар моҳи октябри соли 2010 ду хабарнигори рӯзномаи олмонии “Bild am Sonntag”, ки ба хотири пайгирии қазияи Оштиёнӣ ба Эрон рафта буданд, боздошт шуданд ва онҳоро фақат баъди 3 моҳ, бо мусоидати мақомоти Олмон раҳо карданд.

Иттифоқан қазияи Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ замоне дигарбора вирди забонҳо мешавад, ки имрӯз - 26 декабр - аз тасмими Эрон ҷиҳати манъи истифодаи ҳукми сангсор дуруст 9 сол мегузарад. Дар поёни соли 2002 раҳбари вақти қувваи қазоияи Эрон оятуллоҳ Маҳмуди Шаҳрӯдӣ дастури манъи истифодаи сангсор ба ҳайси ҷазои олиро ба хотири оддитар сохтани равобити Теҳрон бо Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамвор кардани роҳ барои қарордоди ҳамкориҳои тиҷорӣ бо ин созмон имзо карда буд.

Аммо дар усул мақомоти Эрон мӯътақиданд, ки сангсор на нақзи ҳуқуқи башар, балки мутобиқ ба қонунҳои шариати исломист. Муҳаммадҷавод Лориҷонӣ, дабири кулли Шӯрои олии ҳуқуқи башари Эрон дар ҳамин моҳи декабр дар ташреҳаш ба Созмони Милал навиштааст, ки сангсорро набояд ҳамчун ҳукми қатл таъбир кард, балки ин танҳо як шеваи муҷозот ва назар ба ҳукми эъдом “мулоимтар” аст, зеро, ба гуфтаи Лориҷонӣ, нисфи онҳое, ки таҳти сангсор қарор мегиранд, дар ниҳоят ҷони солим ба дар оварда, зинда мемонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG