Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳошимӣ худро ба додгоҳ супурданӣ нест


Тариқ Ҳошимӣ
Тариқ Ҳошимӣ
Ноиби раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ, ки ба даст доштан дар қатлҳои сиёсӣ айбдор мешавад, гуфт, азми рафтан ба Бағдод ва супурдани худ ба дасти додгоҳро надорад. Ҳошимӣ дар мусоҳиба бо Франс Пресс эътироф кард, ки шояд муҳофизонаш ҳамлаҳое анҷом додаанд, вале даст доштани худро дар ин аъмол радд кард. Ӯ афзуд, ки аксари муҳофизонаш боздошт шудаанд. Ҳошимӣ гуфт, ҳанӯз қасди фирор аз Ироқро надорад, вале агар амнияташ зери хатар қарор бигирад, рӯи чунин иқдом низ хоҳад андешид. Дастури ҳабси Ҳошимӣ мояи таниш байни сарвазири шиъа Нурӣ Моликӣ ва эътилофи Ироқия шуд, ки аз ҷониби сунниҳо ҳимоят мешуд ва Ҳошимӣ ҳам узви он аст.
XS
SM
MD
LG