Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоии тарафдорони Имронхон дар Карочӣ


Имронхон (Акс аз бойгонӣ)

Имронхон (Акс аз бойгонӣ)

Раҳпаймоии тарафдорони ситораи крикет Имронхон Ниёзӣ дар шаҳри Карочии Покистон даҳҳо ҳазор нафарро гирди ҳам овард. Имронхони 59-сола ҳанӯз 15 сол қабл бо таъсиси Таҳрики инсоф пой ба майдони сиёсат гузошт, вале ситораи сиёсии ӯ бори аввал моҳи октябр вақте суъуд кард, ки дар раҳпаймоии тарафдоронаш дар шаҳри Лоҳур беш аз 100 000 нафар ҷамъ шуд. Имронхон дар паёмаш набард бо фасод ва мухолифат ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрикоро иброз кардааст. Интихоботи ояндаи саросарӣ дар Покистон дар соли 2013 доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG