Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳакерии “Anonymous” ба “Stratfor”


“Anonymous”, як ҷунбиши ҳакерҳои компутарӣ, иддао дорад, ки шумораи ҳазорон кортҳои бонкӣ ва маълумоти дигари маҳрамонаи марбут ба муштариёни “Stratfor” – як маркази мутолиоти амниятии Амрикоро рабудааст. Ин гурӯҳ гуфт, феҳрасти маҳрамонаи мизоҷони “Stratfor”-ро, ки як силсила таъсисот аз бонкҳо то пулису нирӯҳои ҳавоии Амрикоро дар бар мегирад, рабуда, беш аз 4000 корти бонкӣ ва паролу нишонии манзили ин муштариёнро ба даст овардааст.
“Stratfor” гуфт, баъди дарак ёфтан аз ин рахна серверҳо ва почтаи электрониашро мутаваққиф кардааст. Ҷунбиши “Anonymous” қаблан масъулияти ҳамлаҳои ҳакерӣ ба ширкатҳое, чун “Visa”, “MasterCard”, “PayPal” ва чанди дигарро низ бар ӯҳда гирифта буд.
XS
SM
MD
LG