Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб ҳамлаҳои Нигерияро маҳкум кард


Қудратҳои ғарбӣ ҳамлаҳои хунин алайҳи калисоҳои Нигерия дар рӯзи Мавлуди Масеҳро, ки ҳудуди 40 кушта ба ҷо гузошт, маҳкум карданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро “Боко Ҳаром”, як гурӯҳи тундрави исломӣ,ки мегӯяд, ҳадафаш ҷорӣ кардани шариат дар саросари ин кишвари нафтхези Африқост, ба дӯш гирифт. Кохи Сафед ин ҳамлаҳоро “беақлона” номида маҳкум кард ва ваъда супурд, ки ба мақомоти Нигерия дар роҳи ба масъулият кашидани омилонаш кумак хоҳад кард. Бритониё ҳамлаҳои Нигерияро “ҳамлаҳои буздилона” хонд. Фаронсаву Итолиё ва калисои католикии Рум низ ин хушунатҳоро маҳкум карданд. “Боко Ҳаром” масъулияти бомбгузории моҳи август алайҳи дафтари СММ дар Абуҷа- пойтахти Нигерияро, ки мунҷар ба ҳалокати 24 нафар ва захмӣ шудани беш аз 100 каси дигар шуд, низ бар ӯҳда гирифта буд.
XS
SM
MD
LG