Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои Нигерияро "Боко Ҳаром" ба дӯш гирифт


Як ҷараёни тундрави исломӣ масъулияти ҳамлаҳои кишвари африқоии Нигерияро, ки дар рӯзи Мавлуди Масеҳ дастикам 35 кушта ба ҷо гузошт, ба дӯш гирифт. Мақомот мегӯянд, ду бомбгузорӣ ду калисо – яке дар Мадалла, воқеъ дар наздикии пойтахт Абуҷа ва яке дар шаҳри Ҷосро ба ҳадаф дошт ва се ҳамлаи дигар дар аёлати шимолушарқии Ёбе рух дод. Сухангӯи “Боко Ҳаром”, ки маънояш “Таълимоти ғарбӣ ҳаром аст” мебошад, масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда гирифт. Ин созмон масъулияти чандин ҳамла алайҳи ниҳодҳои давлатӣ ва нирӯҳои амниятии Нигерия, аз ҷумла бомбгузориҳоияк соли пешро, ки низ дар рӯзи Мавлуди Масеҳ анҷом шуда буд, низ ба дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG