Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки бузурги Швейтсария ба Тоҷикистон


Швейтсария барои беҳбуди шабакаҳои обрасонии 7 шаҳри Тоҷикистон 12,3 миллион доллар кумаки билоиваз хоҳад дод. 10 миллион доллари боқӣ барои иҷрои ин тарҳ аз ҳисоби қарзи Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ба даст хоҳад омад. Қарордоди мазкур ахиран байни вазорати молияи Тоҷикистон ва Дафтари ҳамкории Швейтсария имзо шуд. Қарор аст, ин тарҳ то соли 2015 иҷро шавад.
XS
SM
MD
LG