Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори гирифторони гепатит дар Тоҷикистон


Ба ҳисоби вазорати беҳдошти Тоҷикистон, тайи як моҳи охир шумори гирифторон ба бемориҳои гепатит аз 10 то 15 дарсад афзудааст. Мудири хадамоти беҳдоштии ин вазорат Наврӯз Ҷаъфаров гуфтааст, ки 80 дарсади гирифторон кӯдакони зери синни 14 буда, ин маризӣ асосан тавассути об сироят мешавад. Ӯ изҳори умед кардааст, ки бо расидани сардиҳо мизони гирифторӣ ба гепатит коҳиш хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ ҷамъи гирифторон ба гепатити А, Б ва С танҳо дар соли равон дар Тоҷикистонро болиғ аз 6 000 нафар рақам мезанад.
XS
SM
MD
LG