Пайвандҳои дастрасӣ

Манфред Лоренс: Ману Бечка "фирмаи тоҷикшиносӣ" будем


Хонаи Лоренс дар Олмон тоҷикӣ ороста шудааст

Хонаи Лоренс дар Олмон тоҷикӣ ороста шудааст

Ховаршиноси маъруфи ҷаҳон барои пажӯҳишҳои арзишманд дар бахши забоншиносӣ, ба вижа забони тоҷикӣ, ба дарёфти нишон ё ордени давлатии Тоҷикистон бо номи “Дӯстӣ” ноил шуд.

Ба Лутс Жеҳак - шарқшинос ва шогирди Манфред Лоренс низ ин нишон тақдим гардид. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин нишонро дар ҷараёни боздидаш аз Олмон ба ин ду олмонии дӯсти тоҷикон тақдим кард.

Манфред Лоренс 82 сол дорад ва дар Берлин ба сар мебарад. Вай шефтаи тоҷикон аст ва аз ҷумлаи тоҷикшиносони камшумори ҷаҳон мебошад, ки ба забони тоҷикӣ фасеҳу равон сӯҳбат мекунад.

Дар мусоҳибае бо Манфред Лоренс аз ӯ пурсидем, ки оё дар давраи бознишастагӣ низ ба пажӯҳишҳои худ идома хоҳад дод?


Манфред Лоренс: "Ман аз соли 1993 ба нафақа рафтам. Дар Берлин устоди донишгоҳи Ҳумболдт будам, дар кафедраи эроншиносӣ. Бо донишгоҳи озоди Берлини ғарбӣ робитаи хуб доштам ва дар он ҷо ҳам дарс медодам. Ман ҳамчун эроншинос на фақат машғули таҳқиқи забони тоҷикӣ ҳастам, балки дар донишгоҳи Берлини шарқӣ бахши афғоншиносиро ҳам ифтитоҳ кардам. Кафедраи эроншиносӣ Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро дар бар мегирад. Чун ман дар Тоҷикистон як сол таҳсил карда будам, муносиботи мо аз қабл бо донишмандони ин кишвар наздик аст."

Суол: Устод, ҳоло ҳамкориҳои шумо бо донишмандони Тоҷикистон чӣ тавр аст?

Мансур Бобохонов, донишманди тоҷик

Мансур Бобохонов, донишманди тоҷик

Манфред Лоренс: "Дар Тоҷикистон як шахс аст, профессор Мансур Бобохонов. Он кас дӯсти мо ҳастанд. Мо китоби ҷаноби президентро хондем. Муттаассифона, дигар дӯстони мо рафта-рафта аз дунё гузаштанд. Масалан, ман бо профессор Абдулқодир Маниёзов ва Камол Айнӣ-писари Садриддин Айнӣ робитаи наздик доштам. Муносиботи ман бо Мансур Бобохонов аз соли 1957 то имрӯз давом дорад. Ҳоло, ки ман бознишаста шудаам, расман кор намекунам. Гоҳ-гоҳ суханрониҳо дорам. Масалан, моҳи гузашта дар бораи забонҳои муосири эронӣ, яъне тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ ва помириву курдӣ дар Берлин семинаре доштем. Дар он ҷо ҳам шогирдони ман ҳузур доштанд. Ман ҳоло хушҳол ҳастам, ки дар донишгоҳи Ҳумболдти Берлин шӯъбае ҳаст ва дар он ҷо як хонуми тоҷик Орифова муаллимаи забони тоҷикӣ ҳам устод ҳастанд."

Суол: Оё дар Олмон насли ҷавони шарқшиносон ҳастанд?

Манфред Лоренс: "Ҳастанд. Шогирдоне ҳастанд, ки машғули таҳқиқи забонҳои эронӣ мебошанд. Тоҷикӣ меомӯзанд. Медонед, мо фарқ байни тоҷикиву дариву форсӣ кам мегузорем. Ман аз кор аз кафедра рафтаам, аммо тамос дорам бо онҳо. Мо дар Берлини шарқӣ марказе дорем, ки дар он ҷо тоҷикӣ, афғонӣ, дарӣ омӯхта мешавад."

Суол: Аз шарқшиносони машҳури ҷаҳон бо киҳо ҳамкорӣ доред?

Манфред Лоренс: "Албатта бо эроншиносони Берлини ғарбӣ тамоси хеле хубу наздик дорем. Берлин тақсим буд ва мо ду донишгоҳ доштем. Ман дар Берлини ғарбӣ ҳам дарс медодам. Гоҳо дар он донишгоҳ онҳо он қадр тафовут байни тоҷикиву форсиву дарӣ намегузоранд."

Ҳабибулло Саидмуродов, Мирсаид Миршакар, Манфред Лоренс ва С. Ашӯров дар Душанбе

Ҳабибулло Саидмуродов, Мирсаид Миршакар, Манфред Лоренс ва С. Ашӯров дар Душанбе

Суол: Оё адабиёти кунунии Тоҷикистон ҳам дар донишгоҳҳои Олмон тадрис мешавад, дар ҳамон бахшҳое, ки Шумо ёдоварӣ кардед?

Манфред Лоренс: "Ман наметавонам тасдиқ кунам, ки ҳаст ё на. Аммо дар замоне, ки ман сари кор будам, мо кӯшиш мекардем. Мо дар Лейптсиг марказе доштем. Ин марказ як энсиклопедияи сеҷилдаи адабиёт чоп кард. Дар он кӯшиш кардам, ки маълумот дар бораи нависандагони тоҷик чоп шавад. Албатта, аз Айнӣ сар мешавад. Ман бо Улуғзода ва Раҳим Ҷалил робитаи хуб доштам. Шахсан бо Ҳабибулло Назаров шинос будам. Дар бораи инҳо ва дигарон мақолаҳо ҳаст. Дар гузашта набуд. Ман кӯшиш кардам, ки дар бораи адибони муосири тоҷик дар он ҷо маълумот гирд оварда шавад."

Суол: Шумо дар маҷмӯъ илми шарқшиносиро дар марҳилаи кунунӣ чӣ тавр арзёбӣ мекунед, агар муқоиса кунем бо 15-20 соли пеш? Пешрафт мушоҳида мешавад, ё баръакс?

Манфред Лоренс:
"Наметавонам бигӯям, ки дар мамлакатҳои дигар чӣ хел аст. Лекин дар мо ҳаст. Аммо, масалан, ман маълумоти хуб дорам, ки дар Копенгаген як кафедраи эроншиносӣ ҳаст ва дар Фаронса як рафиқи хуби шарқшинос дорам. Инҳо ҳама мӯйсафед шуданд. Дар Прага як маркази тоҷикшиносӣ буд, он ҷо бародари наздики ман, акои ман Иржӣ Бечка буданд. Он кас аз ман 15 сол калон буданд. Мо, яъне Бечка ва Лоренс як фирма будем, фирмаи тоҷикшиносӣ. Маълум буд, ки ин ду нафар кӯшиш мекунанд. Дар Полша ҳам донишмандони эроншинос доранд. Дар Ҳамбург ҳам ҳаст. Аммо ихтисоси тоҷикӣ барои инҳо як қисмати кӯчак аз эроншиносии бузург мебошад. Форсӣ асосиаш аст. Тоҷикӣ барои мо як навъи забони форсӣ мебошад. Маро танбал гӯед, майлаш, чунки ман китоб нанавиштам. Лекин шогирдам Лутс Жиҳак як грамматикаи забони тоҷикӣ навишт."

Суол: Шумо Тоҷикистон ва дӯстони тоҷики худро ёд накардед?

Манфред Лоренс: "Ёд кардам, агар даъват кунанд, ҳатман меравам. Дар суханронии ҷаноби президент дар сафорати Тоҷикистон дар Берлин изҳор доштанд, ки тоҷикон мехоҳанд дар Наврӯзи соли оянда ҳамоише ташкил кунанд. Агар даъват кунанд меоям."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG