Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон. Баёнияҳои зидду нақизи соли 2011


Соли 2011 бар изофаи мушкилоти иқтисодиву бӯҳрони барқу энержӣ, бо чанд баёния ва изҳори назари зидду нақиз ва иттифоқоти ғайри интизор низ дар дафтари таърих сабт хоҳад шуд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон аслан бо баёнияҳои зидду нақиз оғоз шуда ва ҳамин тавр бо ҳамин гуна изҳори назарҳои сардаргуми мақомот ба поёни худ расид.

Дар ибтидои соли равон парлумони Тоҷикистон созишномаи миёни ин кишвар ва Чинро ба тасвиб расонд, ки тибқи он бахше аз хоки Тоҷикистон ба ихтиёри ҳамсояи бузургаш вогузор шуд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни суханронияш дар МН имзои ин созишномаро пирӯзии дипломатияи тоҷик унвон кард ва гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон ба як баҳси садсола хотима гузошта ва танҳо 2, 5 ним дарсад аз қаламрави мавриди баҳси ду кишварро ба ихтиёри Чин во гузоштаанд. Ҳамроҳхон Зарифӣ, ин созишномаро мавриди қабули ҳамаи ҷонибҳо унвон кард.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Билофосила Раҳим Масов, мудири Пажӯҳишгоҳи таърихи Тоҷикистон гуфт, ӯ ба унвони яке аз аъзои баррасии ин масъала бо Чин, санади мазкурро имзо накардааст ва гуфт, ки додани замин на кам, на беш хиёнат аст. Аммо вақте ки давлати Тоҷикистон мавриди интиқодоти шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифт ва баҳси додани замин ба Чин доғ шуд, Суҳроб Шарифов, он вақт раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва ҳоло узви Маҷлиси Намояндагон, асрори дигареро ифшо кард, ба ин маъно, ки Тоҷикистон дар иҷрои ин кор маҷбур ва лоилоҷ будааст.

Дар ҳоле, ки вазири умури хориҷӣ аз ризояти комил ва пирӯзӣ суҳбат мекард, таҳлилгари аввали давлат гуфт, Тоҷикистон аз ноилоҷӣ ба шароити ин санад розӣ шудааст, зеро Чин бо қудрате, ки дорад, то маркази Бадахшон - Хоруғро забт мекард ва Тоҷикистон ҳам дар муқобил илоҷе намедошт. Баҳси замини рафта ба Чин соли оянда ва ҳамаи солҳои дигар, то замоне, ки Тоҷикистон ҳаст, идома хоҳад дошт.

Аммо қабл аз Наврӯзи соли 2011 мардуми Тоҷикистон шоҳиди хилоф дар изҳори назар ва баёнияҳои дигари мақомоти Тоҷикистон шуданд. Дар аввали моҳи март Тоҷикистонро буҳрони шадид ва бесобиқаи барқ фаро гирифт, ки ҳатто ба хонаводаҳои раҳбарони аввали барқ тавассути реҷа дода шуд. Ин дар ҳоле буд, ки қабл аз зимистон мақомот ваъдаи таъминот ба нерӯи барқ, ҳадди ақал дар пойтахтро дода буданд.

Дар ҳамон лаҳзае, ки сокинони Тоҷикистон ба ҷуз аз барқ ва нерӯи гармӣ ба чизи дигаре камтар меандешиданд, дар 12-уми марти соли 2011 ду ҳавопаймои як ширкати русӣ бо номи "Ролкан" дар фурудгоҳи Қурғонтеппа бидуни иҷоза фуруд омаданд. Мардуми саргарми мушкилоти худ фурсати андешидан ба ин масъаларо
Садовничий ва Руденко
Садовничий ва Руденко
надошт. Аммо ин ду ҳавопаймо боиси буҳрони бесобиқа дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия дар тамоми давраи таърихи худ шуданд. Халабонҳои ин ду ҳавопаймо, Руденко ва Садовничий дар убури ғайри қонунии марз ва қочоқ муттаҳам шуданд ва аз сӯи додгоҳ ба 10, 5 соли зиндон маҳкум гардиданд. Русия эътирози шадид кард. Аммо Додситони кулли Тоҷикитсон аз ҳукми додгоҳ пуштибонӣ намуд ва гуфт, ки ин ҳукм ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад, ин ҳодиса як ҷинояти муқаррарӣ аст ва шахси ҷиноятсодирнамуда мувофиқи талаботи қонун бояд ҷавоб гӯяд.

Аммо билофосила баъди панҷ рӯзи ин ҳодиса, таҳти фишори Русия Тоҷикистон ва ҳамин тавр додистонӣ назари худро комилан дигар кард ва хостори сабукии ҳукми халабонҳо шуд. Балки додситонӣ ба ҳукми додгоҳ эътироз овард. Дар ҳоле, ки додгоҳи Қӯрғонтеппа дар асоси пешниҳоди додситонӣ ин ду халабонро маҳкум кард буд. Муовини додситони Хатлон Афзалалӣ Иззатов гуфт: «Ин ду нафар бори аввал ҷиноят содир кардаанд, ягон зарари моддӣ ба давлат ва ё ягон шахси конкретӣ нарасидааст ва Русия иттифоқчии мо мебошад, ин чизҳора дар вақти ҷазо таъйин кардан ин қадар ба назар нагирифта буданд, барои ҳамин эътироз оварда шуд.»

Ҷолиб ин аст, ки ҳукми халабонҳо дигар шуд ва онҳо раҳо шуданд, аммо на бар асоси даъвое, ки худи онҳо пешниҳод намуданд, балки бар асоси эътирози додситонӣ.

Аммо ин ҳанӯз ҳамаи баёнияву иқдоми зидду нақизи соли 2011 нест. Сафаралӣ Сангов, як сокини шаҳри Душанбе, ки баррасии парвандаи қатли ӯ дар додгоҳ идома дорад низ, бар асоси даъвои хешовандонаш бар асари латтукӯби пулис ҳалок шудааст. Мақомоти вазорати дохила дар аввал гуфтанд, ки агар ин ҳодиса таъйид шавад, милисаҳо муҷозот хоҳанд шуд. Додгоҳ идома дорад, аммо сардори милисахонае, ки Сангов дар он гӯё аз ошёнаи дуввум худро ба замин андохта ва худкушӣ кардааст, ба мақоми болотаре рафт.

Ба думболи ин ҳодиса, як боздоштшудаи дигар дар шуъбаи корҳои дохилии Сино ҳам бо номи Баҳромиддин Шодиев гуё худро аз қабати дуввуми бино ба замин партофта ва куштааст. Талошҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар, матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи рушанӣ андохтан ба иллати ин ду ҳодиса натиҷа
Сафаралӣ Сангов
Сафаралӣ Сангов
надодааст. Аз ин ҷост, ки танзнависи тоҷик Наҷмиддини Шоҳинбод ба ҳукумат пешниҳод кард, ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори ин ҳодиса, ҳамаи милисахонаҳои Душанбе якошёна сохта шаванд.

Дар соли 2011 Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедкаӣ, ки дар ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ ва куштани 25 сарбоз муттаҳам мешуд низ боздошт ё кушта шуд. Мақомот аввал гуфтанд, ки Бедакӣ бар асари амалиёт кушта шудааст. Аммо баъдан наворҳои мунташиршуда аз боздошти Алии Бедакӣ ҳикоят намуданд, ки албатта дабири вақти Шӯрои амният онро сохта унвон кард.

Ва соли 2011 соли унвонгирии ҳунармандону шоиру нависандаҳо ба ифтихори 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон буд. Дар ин миён расонаҳо аз Далер Назаров гуфтанд, ки бо вуҷуди маҳбубияти ҳамоно беназир ва ҳунару хидмати овозхонияш унвоне надорад. Ин барои мухлисони ҳунар боварнакарданист, ки Далер Назар унвоне надорад. Ӯ гуфт, ба унвоне ниёз надорад. Вале вазорати фарҳанг дар шарҳи ин даъвои расонаҳо эълон кард, ки муқассир худи Далер Назаров аст, ки боре ҳам барои гирифтани унвон даъво накардааст.
XS
SM
MD
LG