Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: Маргталабе, ки 19 нафарро кушт


Дар як ҳамлаи маргталабона дар вилояти Тахори Афғонистон камаш 19 нафар, ба шумули як вакили мардумӣ, кушта шудаанд.

Ҳабибулло Рустоқӣ, сартабиби шифохонаи вилоятии Тахор, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳамла бештар аз 40 нафар ҳам захм бардоштаанд.

Бино ба иттилои сухангӯи волии Тахор, Абдулмуталиб Бег, вакили мардумии Афғонистон, дар ин таркиш ҳалок шудааст. Абдулмуталиб Бег қаблан ба ҳайси фармондеҳи амниятии Тахор ва фармондеҳи амниятии Кундуз ҳам ифои вазифа карда буд.

Вилояти Тахор ҷоест, ки дар гузашта низ шоҳиди чунин ҳамлаҳо буда ва афроди саршинос монанди генерал Довуд Довуд, фармондеҳи пулиси зонаи шимол ва Муҳаммад Умар, волии собиқи Кундуз дар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дар ин вилоят кушта шуданд.

Ҳомиди Казай, раисиҷумҳури Афғонистон ва сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кобул ҳамлаи интиҳории Тахорро, ки боиси кушта шудани Абдулмуталиб Бег, узви Вулуси Ҷирга ва 12 тани дигар ва ҳамчунин маҷрӯҳ шудани чиҳил нафар гардид, шадидан маҳкум карданд.

Масъулияти ин ҳамларо то кунун ҳеҷ гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст, аммо дар гузашта масъулияти чунин ҳамлаҳоро аксаран Толибони мусаллаҳ бар дӯш гирифтаанд.

Гуфтугӯи Тоҳири Сафар бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Тахор -- Даён Аҳмадиро дар ин ҷо бишнавед:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG