Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни ҳамла дар Толиқон афзуд


Дар як ҳамлаи маргталабона дар вилояти Тахори Афғонистон дасти кам 19 нафар ба шумули як вакили мардумӣ кушта шудаанд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамла дар маркази вилоят шаҳри Толиқон, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд: "Бино ба иттилоъе, ки мо гирифтем, то кунун 19 афроди бегуноҳ аз ҷумла, вакили порлумон Муталлиббек кушта шудаанд ва 38 тани дигар захм бардоштанд." Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва сафорати Амрико дар Кобул ин ҳамларо башиддат маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG