Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои хунин ба чанд калисои Нигерия


Як гурӯҳи тундрави исломӣ масъулияти бомбгузориҳои хунин дар чанд калисо дар Нигерияро бар ӯҳда гирифт, ки дар рӯзи Иди Мавлуди Исои Масеҳ, 25 кушта бар ҷой гузошт. Як сухангӯи гурӯҳи тундрави Боко Ҳарам, дар сӯҳбат ба рӯзномаи Дейлӣ Траст дар Нигерия гуфтааст, ки бомбгузорӣ кори дасти ҳамин гурӯҳ аст. Ба гуфтаи мақомоти Нигерия рӯзи якшанбе дар калисои католикии Терезаи муқаддас дар наздикии пойтахт шаҳри Абуҷа таркиш ба вуқӯъ пайваста 25 нафарро кушт. Се инфиҷори дигар дар назди калисоҳои шаҳри Ҷос ва Юба сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG