Пайвандҳои дастрасӣ

Charities Aid Foundation мегӯяд, мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодӣ бештар хайру эҳсон кардаанд.

Бунёди Кӯмакҳои Хайрия (Charities Aid Foundation), қароргоҳаш дар Бритониё, бо нашри шохис ё индекси ҷаҳонии кӯмакҳои хайрия дар 153 кишвари ҷаҳон дар соли 2011 Тоҷикистонро дар мақоми 41-ум қарор додааст.

Дар ҳоле ки дар ин раддабандӣ Узбакистон дар ҷои 46, Афғонистон дар ҷои 54, Қирғизистон 74, Қазоқистон 110 ва Русия дар мақоми 130 қарор гирифтаанд. Аммо аз кишварҳои минтақа Туркманистон дар зинаи 14 ва Покистон дар зинаи 34, каме пештар аз Тоҷикистон, ҷо гирифтаанд.

Ин муассисаи байнулмилалии имдодӣ мардуми Амрикоро саховатпешатарин мардуми олам дониста, барои ин кишвар мақоми аввалро қоил шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта Амрико дар феҳристи саховатпешаҳои дунё дар ҷои чаҳорум қарор дошт.

Равшани Раҳмонӣ, ки солҳо боз ба омӯзиш ва пажӯҳиши вижагиҳои хислату рафтори мардуми тоҷик машғул аст, аз натоиҷи ин таҳқиқот пуштибонӣ карда гуфт, ки саховатмандӣ ва расонидани кӯмак ба нафари мӯҳтоҷ дар хислату табиати мардуми тоҷик нуҳуфта аст. Ба қавли ин пажӯҳишгари тоҷик, зулму истисмори зиёд хислатҳоеро чун кори хайр, саховатмандӣ, дастгирии нафари мустаманду мазлум дар табиати мардуми тоҷик ҷо карда ва онро ба урфу одат табдил додааст.



Равшани Раҳмонӣ мегӯяд, имрӯз низ ҳеҷ як тоҷик, махсусан тоҷикони деҳкада дарвозаашро ба рӯи як нафари талбанда бидуни баровардани ҳоҷатҳои ӯ намебандад ва як меҳмони ба дараш омадаро то он ки чойу нон надиҳад, нахоҳад пурсид, ки чаро омадаасту чӣ мехоҳад.

Сайфулло Муллоҷонов, ҷомеашиноси тоҷик, низ мегӯяд, саховат ва карампешагии тоҷикон як анъана ва суннати ин мардум аст, ки ҳанӯз онро сайёҳони хориҷӣ дар асрҳои гузашта ба мушоҳида гирифта ва дар осори худ махсус зикр кардаанд. Ҷаноби Муллоҷонов афзуд, ҳоло низ дар бисёре аз мавридҳо, ки мардум дар ин ё он минтақа дучори фалокат мешаванд, ба якдигар кӯмак мерасонанд.

Сайфулло Муллоҷонов мегӯяд, парвариши хислатҳои ҳамидаи инсонӣ чун саховатмандиву дасткушодӣ ва ҷавонмардиву карампешагӣ дар адабиёти то исломӣ ва баъди исломии тоҷикон ҳамвора талқину ташвиқ шудааст, ки дар ташаккули мардум таъсири мусбати худро гузоштааст.

Кӯмак ва дастгирии мардуми ниёзманд дар арафаи идҳову маросимҳо аз сӯи афроди алоҳида ва доро ба мушоҳида мерасад. Дар иҷрои ин амр масъулин ва идораҳои давлатии Тоҷикистон низ ҳиссаи худро мегузоранд. Мисоли равшани он кӯмаки мардуми тоҷик ва шахсони сарватманду идораҳои давлатӣ ба селзадагони шаҳри Кӯлоб аст, ки дар як муддати кӯтоҳ барои наздик ба панҷсад оила манозили зист сохта ва тақдим карда шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG