Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CIF: Мардуми Тоҷикистон бештар накӯкор шудаанд


Як муассисаи байналмилалии имдодӣ мегӯяд, мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодии имсол назар ба соли гузашта накӯкор шуда ва бештар хайру эҳсон кардаанд. Бунёди Кӯмакҳои Хайрия ( Charities Aid Foundation) қароргоҳаш дар Бритониё бо нашри Шохиси ҷаҳонии кӯмакҳои хайрия дар 153 кишвари ҷаҳон дар соли 2011, Тоҷикистонро мақоми 41 қарор додааст. Шохиси мазкур бар асоси се меъёр, додани кӯмаки молӣ, мадади беғаразона, кӯмак ба бегонагон таҳия шудааст ва мардуми Тоҷикистон дар ин замина назар ба соли гузашта баҳои болотари мусбат гирифтаанд. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин феҳраст дар мақоми 50-ум буд. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон дар мақоми дуввум ва баъди Туркманистон омадааст. Баъди Тоҷикистон, Ӯзбакистону Қирғизистон ва сипас Қазоқистон ҷой гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG