Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Насиҳат"-и Михаил Горбачев ба Путин: "Истеъфо деҳ"


Михаил Горбачев, раҳбари вопасини Иттиҳоди Шӯравии собиқ

Михаил Горбачев, раҳбари вопасини Иттиҳоди Шӯравии собиқ

Раҳбари охирини Шӯравии собиқ аз Владимир Путин, нахуствазири Русия хост, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.

Михаил Горбачёв дар мусоҳиба бо радиои “Эхо Москви” гуфт, агар Путин ба ҳарфи тазоҳургарон гӯш дода ва истеъфо диҳад, барои корҳои мусбат дар аҳди 12-солааш дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд.

Ӯ гуфт, “соли 1991 маро ҳеҷ кас аз вазифаам барканор накард. Ман худам аз ин мақом рафтам, вале гуфтам, ки барои чӣ. Ӯ низ бояд ҳамин корро кунад, ман мебудам аз ҳамин роҳ мерафтам. Роҳи беҳтарин ҳамин аст, зеро ҳар кори неке, ки карда буд, ҳифз мешуд.”

Аз ин пеш, Михаил Горбачев -- раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ гуфт, бояд натоиҷи интихоботи порлумонии Русия, ки ба мухолифатҳои шадиди мардум рӯ ба рӯ шудааст, лағв гардида, интихоботи нав баргузор шавад.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи нахуствазири Русия гуфт, Владимир Путин ҳанӯз аз ҳимояти аксарияти мардум бархӯрдор аст ва русҳо бояд ба “назари аксарият эҳтиром гузоранд”. Владимир Путин, ки ду маротиба раисиҷумҳур ва баъдан нахуствазири Русия шуд, дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе даҳҳо ҳазор нафар дар Маскав ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи Думаи давлатӣ дар аввали моҳи декабр ҷамъ омаданд. Ба гуфтаи баргузоркунандагонаш теъдоди тазоҳургарон 100 ҳазор нафарро ташкил медод, ки то дувуним километр тӯл кашида буданд.

Дар ҳузури тазоҳургарон, аз ҷумла Алексей Кудрин, аз шарикон ва вазири собиқи молия дар ҳукумати нахуствазир Владимир Путин, суханронӣ кард. Ӯ гуфт, ки раиси Кумиссиюни марказии интихобот Владимир Чуров бояд истеъфо диҳад ва фарди сазовори эътимод ба ҷойи ӯ таъйин шавад.

Алексей Кудрин афзуд, муқаррароти интихобот бояд то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи март ислоҳ шавад аз ҳукумат хост, ки ба ҳарфи тазоҳургарон гӯш диҳад: "Бояд майдони муколама боз шавад, вагарна мо ба инқилоб дучор хоҳем шуд, вагарна мо шанси имрӯза, барои дигаргунии сулҳомезро аз даст медиҳем."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG