Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як калисои Нигерия таркиш ба вуқӯъ пайваст


Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар як калисое дар наздикии шаҳри Абуҷа пойтахти Нигерия таркиш ба вуқӯъ пайвастааст. Юшав Шуъайб, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Нигерия гуфт, инфиҷор дар субҳи рӯзи иди Мавлуди Исои Масеҳ ва дар калисои “Терезаи муқаддас” сурат гирифтааст ва қурбониҳое ҳам дар пай доштааст. Аз ҷумла доир ба ҳалокати 10 нафар гузориш шудааст. Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст. Баъди даргириҳои тундравони исломӣ ва сарбозон дар шимоли Нигерия, тадобири амниятӣ дар ин кишварро тақвият бахшидаанд.
XS
SM
MD
LG