Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши ҳукумати Русия ба тазоҳурот алайҳи Путин


Дмитрий Песков, сухангӯи нахуствазири Русия, гуфт, Владимир Путин ҳанӯз ҳам дар байни мардум тарафдори зиёд дорад ва русҳо бояд ба “назари аксарият эҳтиром гузоранд”. Пештар аз ин Михайил Горбачёв, раиси ҷумҳури охирини Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар мусоҳиба бо радиои “Эхо Москви” гуфт, агар Путин ба ҳарфи тазоҳургарон гӯш диҳад ва истеъфо диҳад, барои корҳои мусбат дар аҳди 12 солааш дар ёдҳо хоҳад монд: “Соли 1991 маро ҳеҷ кас аз вазифаам барканор накард. Ман худам аз ин мақом рафтам, вале гуфтам, ки барои чӣ. Ӯ низ бояд ҳамин корро кунад, ман мебудам аз ҳамин роҳ мерафтам. Роҳи беҳтарин ҳамин аст, зеро ҳар кори неке ки карда буд, ҳифз мешуд.“ Рӯзе пеш аз ин даҳҳо ҳазор нафар дар Маскав ва дар дигар шаҳрҳои Русия ба хиёбонҳо рехта ва алайҳи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 декабр эътироз карданд, ки ба гуфтаи нозирон олуда ба таққалуб буд. Владимир Путин, ки ду маротиба раиси ҷумҳур ва баъдан нахуствазири Русия шуд, қарор аст дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG