Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Эрон иддаъои Амрикоро рад кард


Давлати Эрон иддаъоҳо доир ба паноҳ додан ба як узви муҳими созмони террористии “Ал-қоидаро рад кард, ки барои сари ӯ Амрико 10 миллион доллар подош ваъда кардааст. Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, ин иддаъоро “комилан бепоя” хондаст. Амрико мегӯяд, Эрон ба Изаддин Абдулазиз Халили зодаи Сурия паноҳ медиҳад, ки масъулияташ ҷамъоварии маблағ барои “Ал-Қоида” аст. Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, барои ҳаргуна иттилоъе, ки ба боздошти Абдулазиз Халил кӯмак кунад, 10 миллион доллар подош медиҳад. Ба гуфтаи вазорат, Абдулазиз Халил аз соли 2005 бо ризоияти давлати Эрон дар қаламрави ин кишвар фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG